Оғози кишти пунбадона дар Восеъ

Март 30, 2013 10:36

Кӯлоб, 30 март. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бо баланд гардидани харорати ҳаво ва гарм шудани замин кооперативҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Восеъ паи ҳам кишти пунбадонаро вусъат мебахшанд. Кооперативи истеҳсолии ба номи «Ҳоҷӣ Партов» яке аз хоҷагиҳои пешқадами ҷамоати деҳоти Тугарак ба ҳисоб меравад ва ҳамасола нақша ва дурнамои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро барзиёд иҷро менамояд. Соли ҷорӣ низ яке аз аввалинҳо шуда он ба кишти пунбадона шуруъ намуд. Дар кооперативи мазкур дар баробари пахтакорӣ ба кишти сабзавоту полезӣ ва истифодаи оқилонаи замин, рӯёнидани ду- се ҳосил дар як мавсим аҳамияти ҷиддӣ зоҳир мешавад, ки аз ин ҳисоб сол аз сол сатҳи зиндагии саҳмдорон беҳтар мегардад. Ноҳияи Восеъ яке аз ноҳияҳои калонтарини кишоварзии минтақаи Кӯлоб ба ҳисоб меравад ва соли гузашта деҳқонони он дурнамои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро барзиёд иҷро намуданд.

Март 30, 2013 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд