Оғози мусобиқаи футболи хурд дар «Амонатбонк»

Март 4, 2013 09:11

Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» дар қатори дигар сохторҳои давлатӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи варзишии футболи хурдро байни филиалҳои бонк оғоз намуд.  Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти бонки мазкур иттилоъ доданд, ки дар чорабинии варзишӣ дастаҳо аз ҳисоби кормандони филиалу оҷонсиҳои бонк ширкат менамоянд. Ин навбат беш аз 12 даста дар ин чорабинии варзишӣ ширкат менамоянд. Бояд гуфт, ки ифтитоҳи бозиҳо субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии Маҷмааи варзишии «Тоҷикстандарт» бо иштироки намояндагони Раёсати Бонк ва дастаҳои номнависшуда баргузор гардиданд. Бозиҳо 17-уми марти соли ҷорӣ ҷамъбаст шуда, натиҷаҳои он худи ҳамон рӯз муайян мегарданд.

Март 4, 2013 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш