Оғози сохтмони терминали нави мусофирон
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Имрӯз, 19 март, дар шаҳри Душанбе маросими ботантанаи гузоштани санги сохтмони терминали нави мусофирони фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе баргузор гардид.Дар ин маросим вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Ҳакимов зимни суханрониаш зикр намуд, ки терминали нав нафақат ба рушди ҳавопаймоии байналмилалӣ мусоидат мекунад, балки пойтахти Тоҷикистонро бо чунин иншооти муосир низ таъмин менамояд. Мувофиқи суханони Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Диде Леруа, терминали оянда ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ва манофеи иқтисодии Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, ба рушди ҳавопаймоии нақлиётии ҷумҳурӣ ҳам мусоидат мекунад. Дар маросими оғози сохтмони терминали нави мусофирон вазири нақлиёти ҶТ Низом Ҳакимов, Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Диде Леруа, директори генералии фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Рустам Холиқов, ҳамчунин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва васоити ахбори омма ширкат доштанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






