Оқибати садамаи навбатӣ

Март 1, 2013 15:44

Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– Дирӯз дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ се садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари онҳо ду нафар ба ҳалокат расида ва ду нафари дигар бо ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардиданд. Дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд мошинаи тамғаи “Mercedes Benz” таҳти идораи ронанда Бахтовар Нуралиеви 25-сола ҳангоми ҳаракат дар километри 153-юми роҳи Душанбе- Хуҷанд- Чаноқ аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 300 метри канори роҳ чаппа мешавад, ки дар натиҷа худи ронанда Бахтовар Нуралиев ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Садамаи дигар дар ноҳияи Рӯдакӣ рух медиҳад. Мошини тамғаи “Opel astra” таҳти идораи ронанда Баҳодур Имомов ҳангоми ҳаракат бо роҳи деҳаи Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ ронандаи он бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Нурӣ Набиеви 76-соларо пахш мекунад, ки дар натиҷа пиёдагарди куҳансол ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол додан ба ҳалокат мерасад.Дар ин бора сардори шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Махмадшариф Шамсов иттилоъ дод.

Март 1, 2013 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд