Осори Фарзонаи Хуҷандӣ чоп мешавад

Март 27, 2013 16:23

Душанбе, 27 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Пажуҳишгоҳи фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ тасмим гирифтааст, ки дар соли равон маҷмӯи асарҳои шоирону нависандагони классик ва мусоири тоҷику форсро нашр намояд. Абдураҳим Беҳрӯзиён- мудири Пажуҳишгоҳи фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки алҳол асари «Нафаҳотун-ул-унс»-и Абдураҳмони Ҷомӣ омодаи чоп буда, инчунин китоби «Таърихи Сиистон», ки дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳия гардидааст, нашр мешавад. Ҳамзамон маҷмӯаи аъшори шоираи шинохтаи тоҷик -Фарзонаи Хуҷандӣ, китоби «Пайке аз сарзамини фарҳанг» дар таҳияи Баҳриддин Мирзоев ва «Ғалат нанависем»-и Абуҳасани Наҷафӣ дар давоми сол чоп мегарданд. Пажуҳишгоҳи фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ аз соли 1995 инҷониб фаъолият дошта, дар таҳия ва нашри осори адибони кишварҳои форсизабон, хусусан Тоҷикистон нақши муассир дорад. Пажуҳишгоҳ бо марказҳои фарҳангии Тоҷикистон ҳамкории густурда дошта, маҷаллаҳои худро таҳти унвони «Андеша» ва «Номаи пажуҳишгоҳ» интишор менамояд. Дар шумораи навбатии «Номаи пажуҳишгоҳ», ки ҳамчун фаслнома арзёбӣ мегардад, матолиб доир ба ҳаёту фаъолияти ду нафар шахсияти барҷастаи илму адаби тоҷик – Сотим Улуғзода ва Муҳаммадҷон Шакурӣ мунташир гардидааст.

Март 27, 2013 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд