Паҳлавонони ҷаҳон ба Душанбе меоянд

Март 18, 2013 16:49

Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Рӯзи 6-уми апрел дар толори Маҷмааи варзишии Кумитаи андози пойтахт, 46-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дюздо дар вазни мутлақ ба хотири гиромидошти нахустқаҳрамони ҷаҳон аз Тоҷикистон дар риштаи самбо Саидмуъмин Раҳимов баргузор мегардад.  Ба иттилои Муродалӣ Тешаев, сухангуи Кумитаи миллии олимпии кишвар ба мусобиқа варзишгарони кишварҳои Афғонистон, Беларус, Муғулистон, Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват гардидаанд. Маврид ба ёдоварист, ки Арамбий Хапаев, қаҳрамони 3-каратаи ҷаҳон оид ба самбо, Михаил Тихамиров, Владимир Яприсов, Армен Багдасаров ва дигар чемпионҳои машҳури ҷаҳон низ дар мусобиқаи мазкур ширкат меварзанд. Мусобиқа бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо Федератсияи дюздои кишвар доир мегардад.

Март 18, 2013 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд