Парлумон ду санади ҳамкорӣ марбут ба СААД-ро матраҳ сохт
Душанбе, 4 март.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Палатаи поёнии Парлумони ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки ба лоиҳаи Қонунҳои ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» илова ворид намояд. Масъалаҳои мазкур 4 март дар ҷараёни баргузории ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат матраҳ шуданд. Аъзои Шӯро ҳамзамон Созишнома оид ба ҳамкории мутақобила дар соҳаи таблиғию намоишгоҳӣ ва ҳарбию иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи ташкили системаи ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои СААД- ро баррасӣ намуданд. Дар фарҷоми ҷаласа аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон қисме аз масъалаҳои баррасишударо барои хулосабарорӣ ва такмил ба кумита ва комиссияҳои палатаи поёнии Парлумони мамлакат ва қисми дигарро ба барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон ирсол намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






