Парвиз Аҳмадов-ҳомии муштзанони тоҷик

Март 4, 2013 14:34

Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– Нахустин маротиба аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Бокси Осиё Парвиз Аҳмадов манфиатҳои муштзанони тоҷикро ҳимоя мекунад. Парвиз Аҳмадов сентябри соли 2011 дар анҷумани Конфедератсияи Осиё оид ба бокс, ки маконаш шаҳри Алмаатои Қазоқистон буд, ба ҳайси аъзои комиссияи доварон интихоб гардид. Ба ин хотир рўзҳои наздик ў баҳри ширкат дар анҷумани Конфедератсияи бокси Осиё ба Филиппин сафар мекунад.  Маврид ба ёдоварист, ки Парвиз Аҳмадов устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 2006 таҳти роҳбарии вай, ки вазифаи сармураббигиро ба уҳда дошт, Ҷаҳон Қурбонов дар Бозиҳои Осиё барандаи медали тилло ва ҳамон сол ҳамчунин Шералӣ Достиев дар Чемпионати ҷаҳон барандаи медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин бора сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муродалӣ Тешаев иттилоъ дод.

Март 4, 2013 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш