Пешгирии интиқоли маводи мухаддир дар Шӯрообод

Март 13, 2013 09:49

Кӯлоб, 13 март. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ноҳияи Шӯрообод барои нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии интиқоли маводи мухаддир кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи корҳои дохилии ноҳия назорати қатъӣ мебаранд. Ба гуфти раиси ноҳия Амирхон Икромов дар соли 2012 дар қаламрави ноҳия аз тарафи ин шуъба 31 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, сатҳи кушодани ҷиноятҳо 83,8 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин муддат аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба миқдори 946, 115 кг нашъа, 68,66 кг воситаи нашъадори афюн, 36,51 кг ҳашиш ва 25, 44 кг героин мусодира шуд. Гуфта мешавад дар ин давра кормандони ШКД аз аҳолӣ 15 адад яроқи тамғаи гуногуни оташфишон ва 1250 дона тири қутраш гуногунро мусодира карданд.

Март 13, 2013 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд