Планшет барои беҳтарин мақола дар бораи иртибот
Душанбе, 14март.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» миёни журналистон ва истифодабарандагони фаъоли интернет озмуни «Телеком илҳом мебахшад»-ро эълон мекунад. Озмун аз 13 март то 1 декабри соли 2013 баргузор мешавад. Ҳайати ҳакамони озмун мақолаҳоро дар мавзӯи иртибот ва телекоммуникатсия, ки дар ВАО-и электронӣ ва чопӣ ба табъ хоҳанд расид, баҳогузорӣ менамояд. Мавод набояд дорои хусусияти таблиғотӣ бошанд. Меъёрҳои интихоби ғолибон аз рўи шавқу рағбат нисбат ба мавзуъ, аҳамияти масъалаҳои баррасишаванда, касбият ва маъруфияти инъикоси он, фазилати муаллифон дар масъалаҳои иттилоотию коммуникативӣ ва иртибот ба ҳисоб мераванд. Ғолиби аслии озмун соҳиби компютери планшет хоҳад шуд. Ғолибони дигари озмунро туҳфаҳои арзандаву хотирмон аз ширкат интизоранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






