Президенти БРО истеъфо медиҳад
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Бонки рушди Осиё (БРО) Харухико Курода бинобар ба мансаби раиси Бонки миллии Ҷопон таъин шуданаш аризаи истеъфо супурд. Интихоботи вориси Харухико Курода ба мансаби президенти БРО мувофиқи Оинномаи бонки мазкур гузаронида мешавад. Харухико Курода донишгоҳҳои Токио ва Оксфордро хатм карда, мансаби муовини вазири молияи Ҷопон оид ба равобити байналмилалиро ба ӯҳда дошт. Номбурда ҳамзамон президенти Бонки рушди Осиё ва раиси Шӯрои директорони БРО мебошад. Мавсуф моҳи ноябри соли 2004 ба ин мансаб интихоб гардида ва моҳи феврали соли 2005 ба иҷрои вазифааш шурӯъ карда буд. Таъини Курода ба мансаби раиси Бонки миллии Ҷопонро бояд ҳар ду палатаи Парлумони Ҷопон тасдиқ намоянд. Дар ин бора аз намояндагии БРО дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






