Рӯзҳои баъдӣ ҳарорати ҳавои кишвар ба 0 дараҷа мерасад
Душанбе, 6 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шуруъ аз фардо-7 то 9 март дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво якбора поён фаромада, аз 20-23 дараҷаи гармӣ то 0 дараҷа мерасад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Парвина Саидҷамолова, мудири шуъбаи пешгӯии обу ҳавои Муассисаи давлатии ҳавошиносии кишвар иттилоъ дод. Мавсуф зикр кард, ки омили якбора паст гардидани ҳаво дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ворид гардидани фишори баланди ҳавои сард аз самти ғарб мебошад, ки дар натиҷа рӯзи 7 март дар вилояти Суғд борон борида, он ба барф табдил мегардад. Дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе дар Рӯзи иди модарон -8 март ҳарорати ҳаво то 0 дараҷа фаромада, нимаи охири рӯз борон ба барфи тар мубаддал мегардад. 9 март дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат ба тадриҷ боло меравад. Имрӯз 6 март ҳавои пойтахти ҷумҳурӣ -шаҳри Душанбе рӯзона 25 дараҷа ва шабона 12 дараҷа гарм мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






