Рӯзи қабули М. Маҳмадаминов дар Рашт
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар»).-Рӯзи 12 марти соли 2012 вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов ва роҳбарони зерсохтори вазорат ба шаҳру ноҳияҳои водии Рашт сафари корӣ менамоянд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.Мақсади сафар доир намудани вохӯрӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳои водии Рашт, роҳбарони сохторҳои марбутаи вазорат дар минтақа, баррасии масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фаъолияти марказҳои касбомӯзӣ, бартараф намудани қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат, ҷамъоварии андози иҷтимоӣ, пардохти саривақтии нафақаву кӯмакпулиҳо, вазъи хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши рӯзона, инчунин қабули шаҳрвандон мебошад.Тибқи барномаи тасдиқшуда қабули шаҳрвандон рӯзи 12 март аз соати 07. 30 то 09. 00 дар бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт барпо мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






