Рӯзи умумиҷаҳонии об
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар»). – 22 март аҳли ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии об – 2013 — ро таҳти шиори «Оби тоза барои тансиҳатии мардуми ҷаҳон» қайд менамояд. Сафири ИМА Сюзан М.Эллиотт ва директори Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кэтлин Макдоналд дар ҳошияи таҷлили ин рӯз дар маросими расми кушоди расмии дафтари Иттиҳодияи истифодабарандагони об дар ноҳияи Шаҳритус, шахсони расмии мақомоти ҳокимияти ноҳия, сокинони маҳаллӣ, ҳамчунин иҷрокунандагони ибтикороти ҳукумати ИМА иштирок намуданд. Иттиҳодияи истифодабарандагони об ба дастрасии доимии беш аз 22 ҳазор нафар сокинони ноҳия ба оби мавриди зарураташон мусоидат мекунад. Аз моҳи октябри соли 2010 дар ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хисрав, Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликӯл ва Вахш 17 иттиҳодияи истифодабарандагони об таъсис ёфта буд, ки ин ба обёрии 42 ҳазор гектар замин мусоидат намуда, ба беш аз 280 нафар сокинон фоида меорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






