Раҳёфтҳои навин дар таълим ва такмили забонҳои хориҷӣ
Душанбе, 1 март (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).-Дирӯз дар Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Точикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи «Раҳёфтҳои навин дар таълим ва такмили забонҳои хориҷӣ дар шароити низоми кредитии таҳсилот» конфронс доир гардид. Дар конфронс ректори Донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов, мудири кафедраи забонҳои хориҷии умумидонишгоҳии ДДОТ Гулрафтор Музаффаров сухан гуфтанд. Зикр шуд, ки дар шароити низоми кредитии таҳсилот ҳар як кафедра уҳдадор аст, ки ҷараёни таълимро мувофиқи нақшаи таълим бо маводи таълимию методии зарурӣ, аз ҷумла роҳнамои донишҷў, барномаҳои кории мушаххас, мавод барои дарсҳои аудитор, мавод барои кори мустақилонаи донишҷўён, мавод барои санҷиши сатҳи дониши донишҷўён пурра таъмин намояд.Мақсади таҳлили фаъолияти кафедраҳои забонҳои хориҷии умидонишгоҳӣ дар шароити низоми кредитии таҳсилот пеш аз ҳама дастовардҳои илмию методии кормандони кафедраҳоро ба тариқи расмӣ муаррифӣ намуда, дар ин замина имконият фароҳам меоварад, ки ҳар як кафедраи забонҳои хориҷии умумидонишгоҳӣ дар фазои солими рақобатӣ ба таълифу таҳияи беҳтарин маводи таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ роҳи муфид ва мусоидро интихоб намояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






