Рассоми тоҷик дар Маскав аз дунё гузашт
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Рассоми халқии Тоҷикистон Хушбахт Хушвақтов шаби гузашта дар шаҳри Маскав баъди бемории кӯтоҳмуддат дар синни 87-солагӣ аз дунё чашм пӯшид. Хушбахт Хушвақтов соли 1926 дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ таваллуд ёфта, дар Институти рассомии ба номи В. И. Сурикови шаҳри Маскав таҳсил кардааст ва соли 1974 ба гирифтани унвони фахрии «Рассоми халқии ҶШ Тоҷикистон» шарафёб гаштааст. Фаъолияти меҳнатияшро дар омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии шаҳри Душанбе оғоз карда, баъдан чанд муддат дар вазифаи раиси раёсати Иттифоқи рассомони кишвар кор кардааст. Ӯ муаллифи мусаввараҳои маъруфе чун «Хоруғ», «Ҳунармандони мардумӣ», «Абадият» буда, қисми зиёди маҳсули заҳматаш дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Беҳзод нигоҳ дошта мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






