«Регар – ТадАЗ» ва «Риффоъ» дар Хуҷанд вомехӯранд

Март 11, 2013 11:30

Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 12 март дар варзишгоҳи ба номи 20 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистони шаҳри Хуҷанд вохӯрии дуюми даври гурӯҳии мусобиқоти байниқитъавӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё байни дастаи «Регар – ТадАЗ» ва клуби «Риффоъ» — и Баҳрайн баргузор мегардад.Тавре ки сомонаи расмии «Регар – ТадАЗ» хабар медиҳад, рӯзи якшанбеи гузашта ҳар ду даста ба шаҳри Хуҷанд омаданд.Хотирнишон месозем, ки вохӯрии якуми дастаи «Регар – ТадАЗ» 5 март бо клуби «Сафа» — и Лубнон баргузор шуда, бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом ёфта буд.

Март 11, 2013 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш