Риояи волоияти қонун

Март 28, 2013 15:57

Турсунзода, 28 март.(АМИТ «Ховар»,Ҳотам Рабиев).-Раиси шаҳри Тусунзода Давлатшо Гулмаҳмадов ва кормандони ҳифзи ҳуқуқи шаҳр бо сокинони ҷамоати деҳоти Қаратоғ вохӯрӣ баргузор намуданд.Раиси шаҳр зимни вохӯрӣ дар бораи комёбиҳои сокинони ноҳия ва ҷумҳурӣ дар солҳои истиқлолият сухан ронда, дар бораи амру фармонҳои Президент, қарору қонунҳои қабул намудаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, ки барои пешрави ҳамаи соҳаҳо шароит ва имконият фарроҳам овардаанд, андешаҳояшро баён намуд. Прокурори шаҳр Баракатулло Камолов, раиси суди ноҳия Ҷамолхон Саидов роҷеъ ба волоияти қонун, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”сухан ронданд.Чунин суҳбатҳои судманд дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳр баргузор мешаванд.

Март 28, 2013 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд