Рушди ҳамкории АНММ ҶТ ва ХДНММ ҶҚ
Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). — Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ мулоқоти директори Агентӣ Рустам Назаров бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҶТ ҷаноби Урмат Саралаев баргузор гардида, намояндаи навтаъини ваколатдори Хадамоти давлатии назорати маводи мухаддири Ҷумҳурии Қирғизистон дар Агентии назорати маводи мухаддири ҶТ Усен Кулчоро муаррифӣ карда шуд.Мувофиқи хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар, зимни мулоқот масоили ҳамкории ҳар ду агентӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Вазифаи асосии фаъолияти муштарак иборат аз таҳким бахшидани ҳамкории дуҷониба барои таъмини амният дар сарҳадоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






