С.Девонаев: Муҳоҷирон то соли 2050 ба 405 миллион нафар мерасанд
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Бо дастгирии бевоситаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев бо намояндагони корпусҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар доир гардид.Зимни мулоқот сардори Хадамоти муҳоҷират доир ба таъсиси ХМ, самтҳои асосии фаъолият ва корҳое, ки то кунун тавассути ХМ анҷом дода шудаанд, ёддовар шуд. Ӯ зикр намуд, ки «Муҳоҷирати меҳнатӣ равандест, ки аксари кишварҳои олам бо ин падида рӯ ба рӯ мебошанд ва тибқи маълумотҳои Созмони байналмилалии муҳоҷират(СБМ)дар соли 2010 теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ 214 миллион нафарро ташкил дода, бо пешбиниҳое, ки коршиносон ва мутахассисони соҳаи муҳоҷират анҷом додаанд, то соли 2050 ба 405 миллион нафар мерасад». Бояд гуфт, ки қариб 90%-и муҳоҷирони меҳнатии мо ба ФР сафар менамоянд ва омӯзиши забони русӣ ва доштани касбу ҳунар яке аз самтҳои муҳими фаъолият ба ҳисоб меравад. Дар баробари дигар забонҳо омӯзиши забонҳои англисӣ, немисӣ ва арабӣ низ бо назардошти тағйири раванди муҳоҷират дар ҷаҳон яке аз афзалиятҳои Хадамоти муҳоҷират ба ҳисоб меравад.Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати танзими раванди муҳоҷират татбирҳои судманд меандешад ва мо бояд аз таҷрибаи бои бархе аз кишварҳо ҳангоми бастани созишномаҳо, назири Ҷумҳурии Туркия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ истифода кунем, зикр намуд С. Девонаев. Дар фарҷоми мулоқот дипломатҳои Тоҷикистон омодагии худро баҳри тақвият ва густариши ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ бо Хадамоти муҳоҷират баён доштанд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






