Саҳми донишҷӯёни ДДОТ дар ихтироъкорӣ
Душанбе, 1 март (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).- Дар Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бахшида ба Рӯзи зиёиёни эҷодкор таҳти унвони «Ҷавонони созанда- таҳкимбахшандагони мавқеи кишвар дар ҷомеаи донишбунёди ҷаҳонӣ» конфронс баргузор гардид. Ректори донишгоҳи мазкур донишҷӯёни фаъолу ихтироъкорро, ки дар чандин озмун иштирок намуда, муваффақият ба даст овардаанд, бо мукофоту туҳфаҳо сарфароз гардонид. Ҳамчунин дар конфронс як силсила маърӯзаҳо, аз ҷумла «Саҳми ҷавонон дар ихтирооти асри 21», «Ҷавонон ва ихтирооти онҳо дар даврони истиқлолият» аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ пешниҳод шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






