Сабқати «Равшан»-у «Регар-ТадАЗ» барои «Ҷоми хосса»
Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Мавсими нави футбол дар кишвар рӯзи 27-март дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо сабқати дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода оғоз мегардад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ФФТ «Равшан»—қаҳрамони мавсими гузашта ва «Регар-ТадАЗ»—барандаи «Ҷоми Тоҷикистон» барои дарёфти «Ҷоми хосса» ё худ «Суперкубок»-и кишвар вориди сабқат мешаванд. Гуфта мешавад дар таърихи футболи кишвар ин чорумин бозӣ барои дарёфти «Ҷоми хосса» буда, қаблан дастаи «Истиқлол» — и Душанбе се карат барандаи ин ҷом гардида буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






