Сафари кории Гул Шералӣ ба АМА

Март 15, 2013 10:40

Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар» Дилшодаи Хайрулло).-Рўзҳои 13 – 14 марти соли 2013 вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ дар конфронси байналмилалии «Нафту гази Туркманистон», ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, иштирок намуд. Дар чорабинӣ вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ дар мавзӯи «Рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи нафту газ» сухан гуфт. Дар доираи чорабинӣ бо М. Халилов – вазири саноати нафту газ ва захираҳои табиии Туркманистон , К. Абдуллоев – Раиси корхонаи давлатии «Туркменгаз», А. Деряев – раиси корхонаи «Туркменнафт», Матар Ҳамид Ал Неядӣ – муовини вазири энергетикаи Амороти Муттаҳидаи Араб ва Директори генералии ширкати Dragon Oil PLC Абдул-Ҷалил Ал Халифа ва дигарон вохўрӣ баргузор гардид. Зимни вохўриҳо масъалаҳои вобаста ба инкишофи истихроҷи карбогидратҳо, технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои истихроҷи нафту газ ва коркарди он ва ҷалби сармоягузорӣ дар самти корҳои ҷустуҷўию иктишофӣ ва истихроҷи конҳои нафту газ дар ҷумҳурӣ баррасӣ гардиданд.

Март 15, 2013 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад