Сафари расмии Президенти Австрия ба Тоҷикистон оғоз гардид
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар»).- Дар ин лаҳзаҳо сафари расмии Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Ҳайнс Фишер дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ҷараёни сафар вохӯрии хоссаи Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоти васеи ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия баргузор хоҳад шуд. Баъд аз анҷоми гуфтушунидҳо маросими ба имзо расонидани санадҳои дуҷониба сурат мегирад. Ҳамчунин доир ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия ба Тоҷикистон изҳороти сарони ду давлат дар назди намояндагони ВАО дар назар дошта шудааст.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






