Сафари расмии Президенти Австрия ба Тоҷикистон
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар»).- 12-14 марти соли 2013 сафари расмии Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия ҷаноби Ҳайнс Фишер ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт. Дар ин бора 11 март зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Назриев иттилоъ дод. Ба гуфти Д. Назриев дар ҷараёни сафар вохӯрии хоссаи Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоти васеи ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия баргузор хоҳад шуд. Баъд аз анҷоми гуфтушунидҳо маросими ба имзо расонидани санадҳои дуҷониба сурат мегирад. Доир ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия ба Тоҷикистон изҳороти сарони ду давлат дар назди намояндагони ВАО дар назар дошта шудааст. Зимни ин сафар президентони ду кишвар дар ифтитоҳи форуми соҳибкорони Тоҷикистону Австрия иштирок мекунанд. Дар барномаи сафари расмии Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия ҳамчунин мулоқоти хоссаи ӯ бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Ҳамчунин меҳмони олиқадр дар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон гулчанбар гузошта, аз Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон ва масҷиди марказии шаҳри Душанбе дидан хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






