“Самаранокии иқтисодии соҳаи боғу токпарварӣ”-мизи мудаввар

Март 18, 2013 16:55

Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар Маҷмааи давлатии “Кохи Ваҳдат” ба ифтихори фарорасии иди Наврӯзи байналмилалӣ, ки эҳёи табиат мебошад, бо ибтикори Маркази таблиғот ва таҳлилии дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи татбиқи “Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2010 – 2015” дар ҳамкорӣ бо Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияти илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар мавзӯи “Самаранокии иқтисодии соҳаи боғу токпарварӣ ва роҳҳои баланд бардоштани он дар мамлакат” мизи мудаввар доир гардид. Муовини раиси ҲХДТ Асрор Латипов зикр кард, ки дар Анҷумани ҲХДТ “Барномаи пешазинтихоботии ҳизб барои солҳои 2010-2015” қабул гардида ва дар он самтҳои афзалиятноки рушди кишвар мушаххас нишон дода шудаанд. Чун Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари аграрист, барои рушди босуботи давлат соҳаи кишоварзӣ аз самтҳои муҳим буда, роҳҳои рушди ин соҳа дар барномаҳои ҲХДТ мавқеи асосиро касб кардаанд. Яке аз роҳҳои рушди соҳаи кишоварзӣ- ин такмили соҳаи боғу токпарварӣ мебошад, ки дар ин хусус Роҳбари давлат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳои ибрози назар карда, дастуру супоришҳои мушаххас низ баён намудаанд.Аз рӯи барномаи мизи мудаввар Назрулло Амиров номзади илми иқтисодӣ, директори Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар мавзӯи “Самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва самараҳои иқтисодии он”, Аброр Мирсаидов, доктори илмҳои иқтисодӣ, коршиноси Маркази таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар мавзӯи “Омилҳои ниҳодии рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар мамлакат”, Нурмаҳмад Камолов номзади илми кишоварзӣ, муовини директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар мавзӯи “Гузаштан ба технологияи замонавии бунёди боғҳо дар минтақаҳои Тоҷикистон” маърӯза намуданд. Ҳар як маърӯзаи олимон аз тариқи далелҳои илмӣ ва намоиши роликҳои вобаста ба мавзӯъ баён шуд. Махсусан суханронии Ҳоҷӣ Камол Мадумаров, ки яке аз деҳқонони соҳибтаҷрибаи соҳаи боғу токпарварӣ аз шаҳри Турсунзода мебошад, ба иштирокдорон таассуроти бештар бахшид, зеро ин пири кор аз таҷрибаи ҳаётии хеш дар ин соҳа мисолҳо оварда, собит кард, ки воқеан соҳаи боғу токпарварӣ метавонад барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат нақши муассир дошта бошад. Иштирокдорони мизи гирд аз рӯи муҳокимарониҳо ва арқому бурҳонҳои илмии пешниҳодшуда тасмим гирифтанд, то натиҷаҳои ба дастомадаи чорабинии мазкурро дар шакли хулоса ва пешниҳодҳо таҳия намуда, тавассути ҲХДТ ба ниҳодҳои марбутаи соҳаи кишоварзӣ ва Ҳукумати мамлакат ирсол намоянд.

Март 18, 2013 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!