Шаш рӯзи истироҳат дар иди Наврӯз

Март 19, 2013 14:25

Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 21 март дар Тоҷикистон иди Наврӯз ботантана таҷлил мешавад. Дар рӯзҳои ид сокинони Тоҷикистон шаш рӯз истироҳат мекунанд.Тавре ки раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Муродалӣ Солеҳов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, 21,22,23 ва 24 март рӯзҳои ид ба шумор рафта, 21 ва 22 март ба рӯзҳои корӣ ва ду рӯзи дигари ид, яъне 23 ва 24 март, ба рӯзҳои истироҳат рост меоянд. Мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ва моддаи 83 Кодекси меҳнатии ҶТ рӯзҳои иде, ки ба рӯзҳои истироҳати муқаррарӣ рост меоянд, ба рӯзҳои корӣ, яъне ба рӯзҳои душанбе ва сешанбеи 25 ва 26 март гузаронида мешаванд. Ба ҳамин тариқ мардуми ҷумҳурӣ дар иди «Наврӯз» шаш рӯз — 21, 22, 23, 24, 25 ва 26 март истироҳат мекунанд.

Март 19, 2013 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш