Шоҳҷоиза – мошини сабукрав
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова).- Аз 9 то 31 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи футболи хурд баргузор мегардад.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД иттилоъ доданд, мусобиқаи мазкур байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идораҳои давлатӣ ва корхонаю муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз зери шиори «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» доир мешавад.Шоҳҷоиза мошини сабукрави тамғаи «ВАЗ-21015» аз тарафи ҷавонони варзишдӯст, тоҷирон ва соҳибкорон пешниҳод шудааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






