«Шоҳон-Зиғар»: лоиҳа анҷом меёбад
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Корҳои бунёдкорӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи сохтмони марҳилаи сеюми роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар ба анҷом мерасанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази татбиқи лоиҳаи «Шоҳон-Зиғар»-и Вазорати нақлиёти ҶТ иттилоъ доданд. Корҳо асосан анҷом ёфтаанд, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, васлкунӣ ва сохтани кӯпрукҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Бояд гуфт, ки марҳилаи сеюми лоиҳа бунёди 18,7 километр роҳи мошингард, инчунин дар марҳилаҳои дуюму сеюм асфалтпӯш кардани роҳхоро пешбинӣ намуда буд. Дарозии умумии се марҳила 34 километрро ташкил медиҳад. Арзиши лоиҳа 30 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 18,5 миллиони он қарзи Бонки исломии рушд ва зиёда аз 11,3 миллион доллари амрикоӣ ҳиссаи Ҳукумати ҶТ мебошад. Татбиқи лоиҳа дар семоҳаи охирини соли ҷорӣ анҷом меёбад. Пудратчии асосии лоиҳа ширкати эронии «Собир» маҳсуб мешавад. Необходимо отметить, что третья фаза проекта предусматривает строительство 18,7 километров автомобильной дороги, а также асфальтирование по первой и второй фазе проекта. Общая протяжённость всех трех фаз составляет 34 километра. Стоимость проекта составляет около 30 миллионов долларов США, 18,5 миллионов из которых составляет кредит Исламского банка развития и более 11,3 миллионов долларов США доля Правительства РТ. Реализация проекта завершится в последней декаде текущего года. Генеральным подрядчиком проекта является иранская компания Sober.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






