Шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагон 60-сола мешавад
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Нимаи дуюми моҳи майи соли равон 60-солагии шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Суғд ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба тасвиб расид.Тибқи қарори мазкур дар доираи таҷлил аз 60-солагии шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагон гузаронидани маҳфилу чорабиниҳо, аз қабили мулоқоту вохӯриҳои адибон бо хонандагон ва донишҷӯёни мактабҳои миёнаву олӣ, маҳфили адабии адибони ҷавон, муаррифии китобҳои тозанашри адибони вилоят ва маҳфилҳои ёдбуди адибон Раҳим Ҷалил, Аминҷон Шукуҳӣ, Аъзам Сидқӣ, Карим Абдулов, Додоҷон Раҷабӣ ва Ғуфрон Рустамов дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






