Синергияи мубоҳисаҳо ва санъат — усули нави рушди ҷавонон
Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– 15 ва 17 марти соли равон бо дастгирии молиявии шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар Маркази фарҳангии «Арт Граунд»-и шаҳри Душанбе бо иштироки тренери Ассосиатсияи байналмилалии таҳсилотии мубоҳисаҳо (IDEA) Талмуд Бах тренинг дар мавзӯи «Синергияи мубоҳисаҳо ва саҳнаҳои театрӣ» баргузор мегардад. Ҳадафи тренинг фароҳам овардани имконияти кори якҷоя ба ҷавонон барои ба таври эҷодкорона ифода намудани назару ақидаи худ, ба сохтори муайян даровардани нутқ ва далеловарии мантиқӣ мебошад. Ҳамчунин ҷавонон бояд малакаи нишон додани спектаклҳоро дар формати форуми театрҳо барои бурдани муколама бо тамошобинон ва муҳокимаи масъалаҳои муҳим азхуд кунанд. Синергияи мубоҳисаҳо ва саҳнаҳои театрӣ аз усулҳои самараноки таълими ғайрирасмӣ буда, барои гирифтани донишу малакаи зарурии рушд дар ҷомеаи демократӣ равона шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






