Сохтмони комбинати металлургӣ идома дорад

Март 30, 2013 10:37

Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар ноҳияи Ҳисор аз тарафи ҶДММ «Комбинаи металлургии тоҷикию хитоӣ» навбати аввали сохтмони комбинати металлургӣ барои истеҳсоли маҳсулоти металлӣ бо иқтидори лоиҳавии 150 ҳазор тонна маҳсулоти металлӣ дар як сол идома дорад. Дар айни замон ба корхона ба маблағи 4,5 млн. долл. ИМА дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ ворид гардидааст. Соли 2012 12 адад корхонаи соҳа, аз ҷумла, ҶСШК «Трасформатор», ҶСШК «Химзавод», КВД «Тоҷиктекстилмаш»,ҶММ «Фузин-Чен», ҶММ «Бадж- мобайл», ҶММ «Нигин ЛТД», ҶММ «Фушинг», ҶДММ «Ванда»-и Садаф, ҶММ «Металлотрейдер», ҶММ «Лонг Ши Йанг», ҶММ КМ «Старпласт» ва корхонаи «Халимов Ш.» трасформаторҳо, маводи таркандаи саноатӣ, арматура, кунҷак ва плитаҳои алюминиро ба маблағи 13318,6 ҳазор сомонӣ ба хориҷ содир намудаанд, ки назар ба соли 2011 3,5 млн.сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 30, 2013 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд