Солеҳӣ ба Душанбе меояд
Душанбе, 29 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ шоми 28 март бо як ҳайати баландпоя ҷиҳати иштирок дар нишасти XI-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) озими Душанбе мегардад. Дар ин хусус масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Тоҷикистон Ҳусайн Ширхонӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Интизор меравад, ки сардори идораи сиёсати хориҷии Эрон зимни сафар ба Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои узви ин ниҳод ва бо эрониёне, ки дар Душанбе фаъолият менамоянд, мулоқот анҷом хоҳад дод. Мавриди зикр аст, ки фардо -29 март дар Душанбе ҷаласаи XI-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё баргузор мегардад. Дар Созмони мазкур 32 кишвари Осиё аъзо буда, он соли 2002 бо ибтикори Таиланд таъсис ёфтааст. Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои ин созмон ниҳоди олии роҳбарикунандаи он ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 июни соли 2006 дар Қатар ба ин ниҳод пайвастааст. Дар доираи ин созмон 20 барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва бехатарии энергетикӣ, технологияи информатсионӣ, нақлиёт, хоҷагии қишлоқ, ҳифзи муҳити зист, туризм, рушди тиҷорати хурду миёна таҳия ва татбиқ мегарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






