Таҷлили ид дар Майдони Калони Роғун

Март 7, 2013 14:47

Душанбе, 7 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба ифтихори Рӯзи модар, ки ҳамасола 8 март таҷлил мегардад, дар маркази ҷамъиятию фароғатии маҳаллаи Майдони Калони шаҳри Роғун маҳфили идонаи бонувони қасабаи мазкур баргузор гардид. Чорабинӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун созмон дода шуда, дар он занону духтарони ин қасаба атрофи хони идона сарҷамъ гардида, маҳфили идона барпо намуданд.   «Барномаи идонаи фароғатӣ аз ҷониби занону духтарони маҳаллаи Майдони Калон таҳия гашта, хеле диданию ҷолиб ва хотирмон буд», мегӯяд Осиямоҳ Давлатова, корманди дастгоҳи раиси шаҳри Роғун. Хусусан байтбарак ва қироати шеъру тарона дар васфи зан-модар ба маҳфили идонаи бонувон нуру зиё ато кард. Дар фарҷоми маҳфили идона аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба фаъолони маҳфили идонаи бонувони қасабаи Майдони Калон туҳфаҳо тақдим гардиданд.  

Март 7, 2013 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш