Таҷлили Наврӯз дар Хадамоти муҳоҷират

Март 20, 2013 14:39

Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).–Имрӯз, 20 марти соли 2013 ҷашни байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил шуд. Ба ин муносибат дар Хадамот бахшида ба ин ҷашни фархунда маҷлиси ботантана баргузор гардид. Муовини аввали сардори Хадамоти муҳоҷират Анвар Бобоев аз номи роҳбарият тамоми кормандони Хадамотро бо қадимтарин ва муқаддастарин оини ниёгони мо-ҷашни Наврӯз табрик гуфта, иброз дошт, ки ҷашни Наврӯз ба сарзамини биҳиштосои мо қадами мубораки худро гузошт ва дар дилу дидаи мо умед ба рӯзгори беҳтару зиндагии шодро бедор намуд. Сардори шуъбаи робита бо ҷомеа Абдулоҳи Қодирӣ матни табрикотро ба ҳозирин қироат намуда, иброз дошт, ки «Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳ ва мақоми хосса дошта, ҷанбаҳои ахлоқии он хеле бузург аст. Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳост». Дар фарҷом хони наврӯзӣ ороста шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ иттилоъ дод.

Март 20, 2013 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд