Таҷлили «Наврӯз» дар СММ
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 18 март ба ифтихори Рӯзи байналмилалии «Наврӯз» дар қароргоҳи СММ ҷамъомади ботантана баргузор шуд.Дабири Кулли СММ Пан Ги Мун зимни суханрониаш зикр намуд, ки иди Наврӯз тимсоли зиндашавии табиат, ҳамраъӣ ва ибтикороти мардум ҷаҳон ба шумор меравад. Бо ибтикори Озарбойҷон, Албания, Афғонистон, Ҷумҳурии Македония, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Туркия 23 феврали соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид 21 мартро Рӯзи байналмилалии «Наврӯз» эълон кард. Соли 2009 ин ид ба рӯйхати мероси фарҳангии башарияти ЮНЕСКО дохил карда шуда буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






