Таҷлили Наврӯзи ҳизбиёни вилояти Суғд
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар маркази деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар саҳни ширкати «Нур» чорабинии наврӯзии ҳизбиёни вилояти Суғд бо ибтикори Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ баргузор гардид. Мардум бо руҳи болида хаймаҳои наврӯзӣ ороста, дастранҷи ҳунармандони худро ба намоиш гузоштанд. Як сӯи дигар мусобиқаи гӯштини миллӣ ҷараён дошта, паҳлавонони деҳа байни ҳам қувваозмоӣ мекарданд. Бозиҳои қадима, аз қабили арғунчакбозию ҳаппакбозӣ, лалакпаронию бодбаракпаронӣ ба ҷашни Наврӯз ҳусни хосса зам мекарданд. Тамошои хаймаҳои наврӯзӣ, маҳсули дастони бонувони ҳунарманди деҳа, анъанаҳои мардумӣ аз қабили хурӯсҷанг ба ҷашн шукуҳу шаҳомати тоза мебахшид. Ин анъанаҳои мардумӣ руҳи меҳмонон ва ҳам иштирокдорони чорабинии наврӯзиро сахт болида дошта, зиёда аз панҷ ҳазор мардуми маҳаллиро гирди ҳам овард. Ба чорабинӣ барномаи адабӣ-мусиқии аҳли фарҳанги вилоят шукуҳу шаҳомати тоза бахшид. Чунин чорабиниҳои наврӯзӣ аз ҷониби ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дошта, хатнасури фарзандони оилаҳои ниёзманд баргузор шуда истодааст.Дар ин бора аз Маркази таблиғот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






