Таҷлили Рӯзи Модар дар Минск
Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Дар арафаи иди модарон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов дар шаҳри Минск бо аъзои клуби «Бонувони тоҷик» дидору мулоқот анҷом дода, онҳоро ба рӯзи модарон таҳният гуфт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ Қозидавлат Қоимдодов дар суханронии худ аз ташаббусҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии модарону кӯдакон ва пойдории оилаҳо ёдовар шуда, дар ин баробар нақши бонувонро дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар муассир арзёбӣ намуд. Дар анҷом ба бонувон аз тарафи созмони ҷамъиятии тоҷикон дар Беларус —«Сомониён» туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






