Тадбирҳои Ҳукумат мақоми занро дар ҷомеа боло бурдааст
Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии табрикотии худ ба муносибати Рӯзи модар иттилоъ дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози истиқлолият ба масъалаҳои марбут ба занон эътибори махсус дода, то имрӯз ҳаждаҳ санади меъёрии ҳуқуқии заруриро ба тасвиб расонидааст. Зикр шуд, ки санадҳои қабулшуда ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти занону бонувон мусоидат менамоянд. Сарвари давлат ба тасвиб расидани як қатор санадҳо, аз ҷумла Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонун «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Барномаи «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» ва «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» -ро барои беҳтар гардонидани ҳаёти иҷтимоии занон муҳим арзёбӣ намуд. Дар натиҷаи тадбирҳои судманди Ҳукумати мамлакат солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият — мақомоти олии қонунгузор, ҳокимияти иҷроия, судҳо ва дигар сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ афзоиш ёфта, онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд.Гуфта шуд, имрӯз дар мамлакат қариб 30 фоизи хизматчиёни давлатиро занон ташкил мекунанд ва онҳо дар ҳама зинаҳои ҳокимият дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд.








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






