Таъиноти кадрӣ дар Ҳукумати мамлакат

Март 7, 2013 09:14

Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.Тавре аён гардид, Бозор Одинаев Муовини вазири маориф, Шералӣ Ганҷалов Муовини вазири нақлиёт, Раҳматулло Каримов Муовини вазири мелиоратсия ва захираҳои об, Ҳасан Маҳмадаминов Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Панҷ, Ибодулло Саидмуродов Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, Маҳмадшариф Бобошоев Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои илм ва технологияҳои муосир, Талбак Хуҷамардов Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ ва Одинашо Муродов Мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд.Ғайр аз ин, сардорони шуъбаҳои №1 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои пойтахт ва ноҳияи Рӯдакӣ, сардорони шуъбаҳои ин вазорат дар ноҳияҳои Шоҳмансури пойтахт, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон иваз карда шуданд.Ҳамчунин сардори Раёсати назорати тафтишоти пешакии мақомоти прокуратураи Прокуратураи генералӣ ва прокурорҳои ноҳияҳои Варзоб, Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Шӯроободи вилояти Хатлон ва Панҷакенти вилояти Суғд иваз шуданд.Сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва сардори шуъбаи ҳамин агентӣ дар ноҳияи Рашт низ иваз шуданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба кору хизмати софдилонаю садоқатмандона ба давлату миллат ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки барои тарбияи кадрҳои ҷавони соҳаҳои худ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон, давлату давлатдории миллӣ ва тарғибу ташвиқи шоистаи арзишҳои волои Истиқлоли Тоҷикистон пайваста ҷаҳду талош намоянд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 7, 2013 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд