Такмили ихтисоси омӯзгорон
Панҷакент, 14 март. (АМИТ «Ховар», С. Маҳкамов).-Бино ба иттилое, ки аз Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд расид, маълум гашт, ки дар шаҳри Панҷакент барои омӯзгорони фанни технология давраи омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар он омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳои шаҳри Панчакент иштирок карда, дониши худро сайқал доданд. Мудири шуъбаи Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони вилоят Муҳаммадҷон Муҳиддинов, мушовири фанни технологияи шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент Насрулло Урунов дар мавзуъҳои омузиши асосҳои технологияи информатсионӣ, коргузорӣ, ҳифзи муҳити зист, масъалахои асосии педагогика ва психологияи кӯдакон сухан гуфтанд. Дар охир ба шунавандагон ифтихорнома ва шаҳодатномаи хатми супориданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






