Таъмини амнияти санитарӣ дар Муъминобод
Кӯлоб, 28 март. (АМИТ «Ховар», С.Холов). — Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Муъминобод баҳри таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ корҳои назаррасро анҷом медиҳад. Дар давоми ду моҳи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони марказ 30 санҷиш гузаронида шуд, ки дар натиҷа барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ 3 нафар ба маблағи 640 сомонӣ ҷарима шуданд.Дар ин муддат аз маҳсулоти хӯроквории 208 нуқтаи савдо ва 20 кг маводи бесифати маҳсулоти ширии корхонаи шири «Зам — Зам» пас аз санҷиш бинобар гузаштани муҳлати истеъмолиашон аз нуқтаҳои фурӯш бароварда шуданд. Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия шумораи гирифторони бемориҳои сироятӣ сол аз сол кам гардида, дар айни ҳол 9 нафар бемор таҳти назорати қатъӣ қарор доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






