Тамрини аввалини дастаи мунтахаби Тоҷикистон

Март 4, 2013 14:29

Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 3 март дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Никола Кавазович дар ҳошияи омодагӣ ба мусобиқоти интихобӣ барои дарёфти ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар гурӯҳи «В», ки аз 17 то 21 март дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад, дар шаҳри Қайроққум ба машқҳои таълимӣ шурӯъ намуд. Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ихтиёри сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон 17 нафар бозингарон, аз ҷумла се дарвозабон қарор доранд.

Март 4, 2013 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш