Ташкил ва баргузории ҳашар дар Вазорати энергетика
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо фарорасии мавсими баҳор, бо мақсади омодагиҳо, сазовор пешвоз гирифтани «Рӯзи модар» ва ҷашни байналмилалии «Наврӯз» дирӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашар гузаронида шуд. Дар он кормандони вазорат фаъолона иштирок карда, тоза кардани атрофи бинову майдони вазорат, корҳои дигари ободонӣ, шинонидани ниҳолу растанӣ ва гулҳои гуногун дар майдон ва атрофи бинои маъмурӣ ба анҷом расонида шуданд. Қисмате аз майдонҳо нарм карда, барои гулу сабзакорӣ омода шуданд. Қобили тазаккур аст, ки барои омодагӣ ва дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани «Рӯзи модар» ва ҷашн гирифтани Иди байналмилалии Наврӯз минбаъд низ самаранок баргузор намудани ҳашарҳо дар вазорат ба нақша гирифта шуда, ҷиҳати амалисозии нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе иқдом сурат хоҳад пазируфт. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






