Ташрифи гуруҳи корӣ ба КВД «Завод «Заря Востока»
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Дар доираи ҳамкориҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия аз 10 то 13 феврали соли 2013 ҳайати мутахассисони корхонаҳои саноатии Русия бо роҳбарии муовини директори Департаменти саноати яроқҳои оддӣ, аслиҳа ва химиявии махсуси Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия А.В. Куликов ба КВД «Завод «Заря Востока» — и ш. Истиқлоли вилояти Суғд омад.Тарафҳо имконияти ба роҳ мондани маҳсулотҳои нав аз қабили полиуретан барои эҳтиёҷоти саноати автомобилӣ ва пойафзолдӯзӣ, коркарди технологии маҳсулоти резинӣ барои истеҳсоли гилемҳои диэлектрикӣ, ташкили истеҳсолоти селюлозаи хокагӣ ва микрокристаллӣ бо мақсадҳои техникӣ ва таъмини эҳтиёҷоти саноати хӯрокворӣ ва тандурустӣ, ташкили коргоҳи истеҳсоли конструксияҳои сохтмонӣ бо истифода аз ПВХ, ташкили истеҳсолоти маҳсулоти пиротехникӣ, таъсиси коргоҳи истеҳсоли рангҳо ва борҷомаҳо барои рангҳои молидании гуногунро мавриди баррасӣ қарор доданд.Лоиҳаҳои мазкур бо назардошти рақобатпазирии маҳсулоти тайёр дар дохил ва хориҷи кишвар самаранок буда, имконоти роҳандозии ин намуд маҳсулот дар корхона бо ҳамкории мутахассисони ширкатҳои русиягӣ мавҷуданд.Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






