Татбиқи «Қонун дар бораи коррупсия»
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Бо иштироки муовини сардори Раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Суҳроб Қоҳирӣ дар Хадамоти муҳоҷират вохӯрӣ баргузор гардид.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, ӯ оид ба татбиқи «Қонун дар бораи коррупсия» аз тарафи хизматчиёни давлатӣ сухан намуда, иброз дошт, ки агар қонуни номбурда аз тарафи хизматчиёни давлатӣ пурра иҷро шавад, идораи давлатӣ самаранок мешавад. Дар маҷмуъ он ба тарақиёти кишвар оварда мерасонад.Инчунин С. Қоҳирӣ 51 самти ҷинояти коррупсионӣ, аз ҷумла ҳуқуқҳои маъмурии бо коррупсия алоқаманд ва андешидани чораҳои ҳуқуқии интизомиро ба кормандони Хадамоти муҳоҷират фаҳмонид. Дар фарҷом ӯ ба кормандони Хадамоти муҳоҷират сайтҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро дода хоҳиш намуд, ки онҳоро ба маълумоти муҳоҷирони меҳнатӣ пешниҳод намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






