Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА поён рафт
Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дастаи мунтахаби футболи кишвар дар рейтинги мартии ФИФА аз мақоми 137-ум поён рафта, дар зинаи 152-ум мустақар гардид. Аз дастаҳои мунтахаби кишварҳои собиқ ИҶШС дар зинаи аз ҳама баландарин (мақоми 10-ум) дастаи Русия қарор дошта, кишварҳои дигар мақомҳои зеринро касб кардаанд: Украина – 48-ум, Ӯзбекистон- 59-ум, Арманистон-84-ум, Эстония-89-ум ва Туркманистон- 140-ум. Мавқеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз байни давлатҳои собиқ ИҶШС танҳо аз Қирғизистон болотар аст. Ҳамчунин дар садри ин рейтинг чун пешина дастаи мунтахаби Испания қарор дошта, зинаҳои 2-юму 3-юмро мутаносибан Олмону Аргентина касб кардаанд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






