«Тоҷиксементстрой» боз ба кор шурӯъ кард
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Тоҷиксементстрой» баъди таваққуфи тӯлонӣ боз ба кораш шурӯъ кард. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд. Корхонаи мазкур бинобар мавҷуд набудани ашёи хом аз қабили гаҷ ва семент фаъолияташро қатъ намуда буд. Ҳоло дар ин ҷо 65 нафар кор мекунад. Тавре ки аз Вазорати энергетика ва саноат хабар доданд, захираи сементу гаҷ барои истеҳсоли маҳсулот таносубан 350 ва 60 тоннаро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






