Торнамои ҳамоиши байналмилалӣ фаъол гашт

Март 2, 2013 09:35

Душанбе, 2 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Торнамои интернетии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об бо суроғаи www.hlicwc.org бо забонҳои англисию русӣ рӯи кор омад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби кишвар иттилоъ доданд.  Дар торнамо рамзи Конфронс, ки бо назардошти фикру андешаҳои ироагаштаи мутахассисони ҳирфаӣ таҳия гардидааст, аз кураи замин иборат аст, ки атрофашро об фаро гирифтааст. Дар торнамо консепсияи баргузории конфронс, ки дар худ ҳадаф ва мақсади гузаронидани он, сессияҳои асосии конфронс бо дарҷи мавзуъҳояш ва дигар маълумоти вобаста ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд ҷой дода шудааст. Ҳадафи конфронси мазкур, ки дар доираи таҷлили Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об 20-21 августи соли равон дар пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе баргузор мегардад, тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши истифодаи захираҳои обӣ, тарғиби таҷриба ва дастовардҳо дар соҳаи амнияти экологӣ ва тақвияти ҳамгироии кишварҳои ҷаҳон дар самти комёб шудан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола аст.  Конфронс аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Миллали Муттаҳид баргузор мегардад. Ҷиҳати иштирок ба ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СММ, институтҳои СММ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, институтҳои байналмилалии молиявӣ, доираҳои тиҷоратӣ, намояндагони созмонҳои ҷамъятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва олимону коршиносон даъват мешаванд.

Март 2, 2013 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш