Туҳфаи идонаи шаҳрдорӣ
Душанбе, 4 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 1 миллиону 812 ҳазору 100 сомонӣ, ки аз фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе ҳамчун кӯмаки яквақтаина барои қадрдонии заҳмати занони кӯчарӯб, собиқадорони меҳнат ва дигар фаъолзанони пойтахт ба муносибати Рӯзи модар ва ҷашни Наврӯз ҷудо гардидааст, дар остонаи ин ҷашнҳо аз ҷониби масъулини шаҳрдорӣ ба онҳо тақсим мешавад. Дар ин росто Маҳсадсаид Убайдуллоев- раиси шаҳри Душанбе қарори марбута ба тасвиб расонд. Тибқи ин қарор 2 ҳазору 507 корманди Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт дар ҳаҷми 700 сомонӣ, 14 нафар сокинони пойтахт-собиқадорони меҳнат ва 13 нафар фаъолзанони пойтахт 600 сомонӣ, 82 нафар занон- кормандони дастгоҳи раиси шаҳр ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ, дар маҷмуъ 2 616 зан дар остонаи Рӯзи модар -8 март аз кӯмаки якдафъаинаи шаҳрдории Душанбе бархурдор хоҳанд гашт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






